formula feb 2025
Дар Кӯшониён фестивали “Сад ранги чакан” баргузор гашт
194

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар ҷумҳурӣ фестивали “Сад ранги чакан” баргузор мегардад.

Чанд рӯз қабл дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон даври ноҳиявии «Сад ранги чакан» баргузор гашта, дар доираи ин чорабинӣ намоиш-фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, зардӯзӣ ва чакану гулдӯзӣ ташкил карда шуд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён хабар додааст.

Дар фестивали “Сад ранги чакан” садҳо гулдухтарони чаканпӯш ва бонувони ҳунарманд аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия либосҳои қадимии чакан, либосҳои милии кӯдакона, либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимию идона, либосҳои расмӣ ва навъҳои гуногуни сӯзанидӯзиро ба намоиш гузоштаанд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва тарғибу ташвиқи либоси тоҷикона, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ ва ба маърази тамошои умум гузоштани маҳсули дастони тарроҳону ҳунармандони ватанӣ буда, фестивали “Сад ранги чакан” ба баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД