Дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи молия ва қарзи факултет дар якҷоягӣ бо маркази хизматрасонии бонкии ҶДММ ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Васл" ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023, таҳти рақами 586 "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ" семинари омӯзишӣ миёни донишҷӯёни факултет гузаронида шуд.
Бино ба иттилои маъмурияти донишгоҳ, дар оғози семинар мудири кафедраи молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилов Низомидин доир ба фармони мазкур маълумот додааст. Сипас, роҳбари маркази хизматрасонии бонкии ҶДММ ташкилотии қарзии ғайрибонкии "Васл" дар шаҳри Кӯлоб Неъматов Ф. баромад намуда, оид ба он хизматрасониҳое, ки дар ташкилоташон доир ба ғайринақдикунони сурат мегирад, ба донишҷӯёни маълумоти муфассал пешниҳод намудааст.
- Зимнан, декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фатҳуллозода Абдухолиқ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мо, факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳама вақт омодаем ҳамкориҳоямонро бо ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳо ба роҳ монем,- меафзояд манбаъ.