35 years of independency
Дар Кӯлоб қариб нӯҳ ҳазор тонна маҳсулоти ғизоии пастсифат ошкор шуд
19.10.2026
Оила
73

Дар Кӯлоб қариб нӯҳ ҳазор тонна

маҳсулоти ғизоии пастсифат ошкор шуд

Дар Кӯлоб 8,8 тонна маҳсулоти ғизоии пастсифат ошкор шуд
Дар минтақаи Кӯлоб дар зарфи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 8,8 тонна маҳсулоти пастсифати ғизоӣ ва муҳлатгузашта ошкор гардид. Дар ин бора Раёсати «Тоҷикстандарт» дар минтақаи Кӯлоб хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 2625 ташхиси озмоишгоҳӣ гузаронида шудааст. Дар натиҷаи санҷишҳо 131 намунаи маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи стандартҳои муқарраршуда номувофиқ дониста шудааст.
Ошкор шудани чунин маҳсулот зарурати назорати мунтазами сифату бехатарии маҳсулоти ғизоӣ ва риояи талаботи стандартҳоро дар бозору нуқтаҳои савдо таъкид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД