Arzon march 2024
Дар Хуҷанд як халта орд то 120 сомонӣ арзон шуд!
761



Дар бозорҳои вилояти Суғд поёнравии нархи маҳсулоти ғизоӣ ба таври назаррас мушоҳида мешавад, масалан тайи як ҳафтаи охир арзиши як халта орди 50 кг то 120 сомонӣ арзон шуда, нархи як литр равған то 3 сомонӣ поён рафт. Аммо бо вуҷуди ин сокинони вилоят нархи маҳсулоти ғизоиро дар қиёс ба даромади моддӣ ва маош то ҳол қимат мегӯянд.
Макарон як сомонӣ арзон шуда, ғайр аз шакару чой дигар маҳсулоти ғизоӣ тамоюли арзоншавӣ дорад.
15-уми декабр вақте ба бозори марказӣ ворид шудем, сабзӣ 2 сомонӣ, катошка 3 сомонӣ, пиёз 4 сомонӣ, себ 5 сомонӣ нарх дошт.
Волида Мусоева 30 сол инҷониб дар бозори марказии Панҷшанбе савдо мекунад. Ӯ ба фуруши тармева машғул аст. Ба гуфти ин зани фурушанда мардуми шаҳр ва харидороне, ки вориди бозор мешавад бештарба маҳсулоти ватанӣ таваҷҷуҳ доранд.
“Нарху навои тармева дар қиёс нисбат ба солҳои қаблӣ дар ҳамин давра арзонтар аст”-мегӯяд Волида Мусоева.
Дар муддати 10-12 соати кориаш ин зани фурушанда зиёда аз 100 кг меваро ба мизоҷонаш мефурушад. Дар баробари Волида модараш низ ба фураши меваи тар машғул аст. Ӯ низ собиқи 33 солаи корӣ дорад. Ҳоло онҳо мандаринро бо арзиши 9 сомонӣ барои як кг ба фуруш гузоштаанд.
Тармева дар бозор чунин арзиш дорад:
1кг анори Конибодом 13 сомонӣ
1 кг анори Сомғор 14 сомонӣ
1 кг себ 6-7 сомонӣ
1 кг нок 12 сомонӣ
Ғайр аз маҳсулоти ниёзи аввал инчунин тармева низ арзон шудааст, масалан нок, ангур, анор ва себ нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб арзонтар аст, вале аз сабаби он ки ҳаво сард аст, ниёз ба ин навъи маҳсулот камтар аст. Дар Хуҷанд маҳсулот арзон шуд, дар ДУшанбе кай нарху наво паст мешуда бошад?! 

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД