Бо мақсади таҳкими таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба нозирони пайроҳадории милитсияи Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 10 адад скутери барқӣ ва таҷҳизоти махсуси хизматӣ тақдим карда шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ таъкид намудааст, ки ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, махсусан миёни наврасону ҷавонон, аз вазифаҳои муҳими кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Ҳамзамон, роҳбари вилоят ба масъулон ҷиҳати муносибати нек бо шаҳрвандон ва мусоидати ҳамаҷониба ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани мушкилот дастуру супоришҳои мушаххас додааст.