goodwell
Дар Хуҷанд Академияи бокс бунёд мегардад
20.10.2026
Оила
34

 

Дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои Академияи варзишии Федератсияи бокси вилоят  идома дорад.

Тибқи иттилоъи хадамоти матбуоти раиси вилоят, бинои нави Академияи варзишии Федератсияи бокси вилояти Суғд бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ сохта шуда, дорои толори бузурги машқу тамрин ва мусобиқаҳо, ҳуҷраҳои мураббиён, ҳаммом, ҷойи либосивазкунӣ ва меҳмонхона барои 20 нафар мебошад. Ин ташаббус ба ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки ин бино бо мақсади оммавигардонии варзиш дар байни ҷавонон бунёд мегардад. Интизор меравад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои варзишгарон шароити муосири сатҳи байналмилалӣ фароҳам оварда шавад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД