...Як рӯз кӯдаки навзодамро, ки чор моҳа ва илова бар ин, хеле шӯх шуда буд, ба гаҳвора бастан хостам. Ӯ шӯхӣ карда, қарор намеистод. Аз пойҳояш кашида, зудтар бастан хостам, то хона хунук нашавад. Садои гиряи кӯдак маро ба худ овард. Ӯро ором карда, хобонидам, аммо диламро сиёҳӣ пахш кард...
Вақте ки мард мегиряд...
...Аъзам ӯро ба мошинаш шинонда, ба беморхона бурд. Гулнор бо як азобе вориди палата шуд. Болои кат Аслам бо ранги канда мехобид, тамоми баданаш докапеч буд. Пешаш як зани харобаки сиёҳак менишаст, зан ба Гулнор бад-бад нигоҳ карда, берун баромад. Дар ҳуҷра ду кас танҳо монданд. Аслам ҳама мадорашро ҷамъ карда гуфт:
-Гулнор, маро бубахш, ҷонам... Ман туро болотар аз ҳама дӯст медоштаму медорам, маро бубахш...
Таҳмина Раҷабоваро кӣ латту кӯб кард?
...Дирӯз модарам аз суҳбати ҳамсояҳо баргашта, гуфтанд, ки Таҳмина Раҷабоваро шахсони номаълум латту кӯб кардаанд. Ҳарчанд ба модарам фаҳмонидан хостам, ки шояд ҳамсояҳо касеро ба Таҳмина монанд карда, иштибоҳ кардаанд, аммо модарам бо боварӣ гуфтанд, ки ҳатто акси Таҳминаро бо сару рӯи пур аз захм аз телефони духтари ҳамсоя дидаанд. Рости гап, дилам ба ҳоли ҳунарпешаи дӯстдоштаам сӯхт ва надонистам, ки барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол ба кӣ муроҷиат намоям...
Аз дасти қайсингилҳо дар кӯча мемонем
...Се қайсингили дигарам хонаро ба номи бародари беморашон кардан мехоҳанд. Ман боварӣ дорам, ки хонаро ба номи ҳеварам кунем, дарҳол аз дасташ кашида мегиранд, чун ӯ бемор ва хонаро аз дасташ гирифтан осон аст. Аз чанд нафар пурсидам, мегӯянд, ки ҳама фарзандон ба мероси падару модар ҳаққи баробар доранд. Агар пули хона ва пули иҷораро қайсингилҳоям тақсим карда гиранд, на мову на ҳеварам соҳиби хонаву дар намешавем...
Овозхони ӯзбекро барои таҷовузи ноболиғ дастгир кардаанд
...Хабаргузории “Газета.uz” менависад, ки Умиров бо духтар тавассути дугонааш шинос шуда, ӯро ба хона даъват намудааст ва баъдан нӯшокии спиртӣ нӯшонида, ба номусаш таҷовуз кардааст. Худи овозхон инро рад карда, гуфтааст, ки бо духтар муносибати маҳрамона надошт ва ба ин кор дӯстонаш, ки онҳо ҳам ҳамон рӯзи ҳодиса дар хона буданд, даст доранд...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 3-юми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 20-уми январи соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”. Ҳамчунин, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Аз нафароне, ки нияти ҷиддӣ надоранд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба кори мо халал ворид насозанд. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!