Шаби гузашта хоби аҷибе дидам. Падарам дар хобам хонаи нав месохтанд.
Ман аз азми падар ба ҳайрат омада “ҳавлии калон дорем, боз як хонаи нав чи даркор” гуфтам, вале падарам бо табассум ҷавоб доданд: “духтарам, хонаи нави сохтаам бисёр салқину бароҳат аст! Биё, ту ҳам дар ин ҷо каме роҳат кун!” Хонаи сохтаи падарам мисли хонаҳои асри сангин аз гил, вале дар ҳақиқат ҳавояш салқину гуворо буд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!
Мунаввара, муштарии Оила. ТЧ
Посух
Хоҳари азиз, аслан хонаи нави зебо ва бароҳат дар хоб рамзи биҳишт аст. Худованд ба василаи чунин хобҳо ба бандагони писандидааш паём медиҳад, ки бо амалҳои некашон дар ин дунё аллакай барои худ дар олами ҷовид дар равзаи ризвон, яъне биҳишт манзили бароҳат бунёд намудаанд. Даъвати падаратонро пазируфта ба хонаи сохтааш ворид гаштанатон фоли нек аст.
Эҳтимол шахсе, ки дар хоб дар симои падари шумо зоҳир гаштааст, паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (С. С), Хоҷаи Хизр ё авлиёи дигаре бошад, ки пайки биҳиштӣ будани падаратонро ба шумо расонидаааст.