Дар хоб ангуштаринатро гум кунӣ, хонавайрон мешавӣ?
26.01.2026
Oila.tj
66

Шаби гузашта хоб дидам, ки ангуштарини тилоиям шикастааст. Ростӣ дилам хиҷил шуд, зеро мегӯянд, ки ангуштарин рамзи бахт асту дар хоб ангуштаринатро гум кунӣ, аз ҳамсарат ҷудо мешавӣ. Гум кардани ангуштарин нишонаи ҷудоӣ ва шикасти бахт бошад, таъбири шикастани чалла дар хоб чист?

ШУКРОНА, сокини ш. Душанбе

Посух:

- Мувофиқи хобномаҳо ангуштарин дар хоб таъбирҳои зиёде дорад. Мард хоб бинад, ки дар пояш ҳалқаи тило ё нуқра андохтааст, ба сараш бадбахтӣ ва ғаму андӯҳ омада, ба зиндон афтоданаш имкон дорад, вале зан хоб бинад, ки дар пояш ҳалқа андохтааст, дар ҳаёташ ягон дигаргунӣ ба амал меояд. Шикастани ангуштарин дар хоб хосияти хуб надорад. Дидани чунин хоб аз талоқ ва ба вуҷуд омадани ҷудоӣ дар байни зану шавҳар дарак медиҳад.

Марде, ки занаш ҳомила аст, агар хоб бинад, ки дар дасташ ангуштарини тилоист, ҳамсараш писар таваллуд мекунад. Марди мансабдор хоб бинад, ки ангуштарини дасташ шикастааст, ӯро аз вазифа сабукдӯш месозанд, вале худаш ангуштаринашро дар хоб аз дасташ бигирад, аз ҳамсараш ҷудо мешавад. Зан дар хоб ангуштарини худро аз дасташ бигирад, шавҳараш аз дунё гузашта, бева мемонад.

Шахси муҷаррад хоб бинад, ки ба дасташ ангуштарин андохтааст, хеле зуд оиладор мешавад. Ба зан дар хобаш касе ангуштарин туҳфа кунад, ба шавҳар мебарояд ё соҳиби фарзанд мешавад.

Дидани ангуштарини чӯбин дар хоб рамзи зани дурӯя ва маккор аст. Ангуштарини ғафси мардона аз боло рафтани мақому обрӯи шахс ва ба даст овардани сарвату боигарии зиёд дарак медиҳад. Ҷавонмард хоб бинад, ки ба касе ангуштарин фиристодааст, вале онро қабул накардаанд, хостгориаш ба ягон зебосанам рад карда мешавад.

Ёфтани ангуштарин дар хоб хеле хуб буда, аз тавлиди фарзанд, тӯйи арӯсӣ ва ё даромади калоне дарак медиҳад, ки бо кумаки ягон шахси бегона ба даст меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД