Дар Хатлон шумораи никоҳу талоқ коҳиш ёфтааст
Дар вилояти Хатлон давоми 9 моҳи аввали соли 2026 ҳам шумораи никоҳҳои ба қайд гирифташуда ва ҳам ҳолатҳои талоқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар ин муддат дар вилояти Хатлон беш аз 16,1 ҳазор ақди никоҳ сабт шудааст. Ин нишондиҳанда дар 9 моҳи аввали соли гузашта 17,8 ҳазор ҳолатро ташкил медод.
Ҳамчунин, шумораи талоқҳо низ коҳиш ёфтааст. Агар дар нуҳмоҳаи соли гузашта дар вилоят 1,4 ҳазор ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар ҳамин давраи соли равон ин рақам ба 1,2 ҳазор расидааст.
Ҳамин тариқ, дар вилояти Хатлон шумораи никоҳҳои сабтшуда тақрибан 1,7 ҳазор ва ҳолатҳои талоқ тақрибан 200 адад кам шудааст.