Дар вилояти Хатлон зиёда аз 3 ҳазор тонна доруворӣ ва маводҳои косметикиро оташ заданд. Дар ин бора Раёсати назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ хабар додааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, сабаби несту нобуд кардани зиёда аз 3 ҳазор тонна доруворӣ ва маводҳои косметикӣ гузаштани муҳлати истифодаашон мебошад.
Маблағи умумии маводҳои несту нобуд кардашуда 687 ҳазору 445 сомониро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии маводҳои сӯзонидашуда 2 тоннаю 809 килограмаш доруворӣ будааст.
Дар хабар омадааст, ки худи ширкатҳои дорусозӣ ва тоҷирон дар ин самт бо давлат ҳамкорӣ намуда, доруҳои муҳлаташон гузаштаро аз фурӯш мегиранд ва баъдан ин маводҳои доруворӣ несту нобуд карда мешаванд.