Кадом сину сол аз назари шумо барои издивоҷ беҳтарин аст? Ба саволи мазкур модари азиз, аз ҷамоати Кабуд Сайфиддини ноҳияи Панҷ, Раҷабгул Саидова посух мегӯянд:
-Издивоҷро савдои умр мегӯянд, барои ҳар як шахс умр ё ин ки ҳаёт беҳтарин гавҳар мебошад, аз ин рӯ, дар ин савдо эҳтиёт бояд шуд. Чун риштаи муқаддаси издивоҷ байни ду нафар баста мешавад, бояд онро эҳтиёт кард. Синну соли издивоҷро қонун муайян намудааст, вале ман чун як модар бар онам, ки бояд ҷавонон барои ба зиндагии мустақил қадам гузоштан тайёр бошанд.
Дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ мардон ризқрасон ва занон нигаҳдорандаи гармии хонадон ҳастанд. Барои ҳамин ҷавонмардонро лозим аст, ки хонда соҳиби касбу коре гарданд, то фардо тавонанд оилаи худро ҳаматарафа таъмин намоянд. Хушбахтона, имрӯз духтарон низ дар баробари писарон шомили донишгоҳҳо гашта, соҳиби касбу ҳунари дилхоҳ мешаванд, ки ин хеле хуб аст.
Дар баробари соҳибдиплом будан духтаронро лозим аст, ки аз нозукиҳои ҳунарҳои занона, пухту паз, дӯзандагӣ, дастархонороиву меҳмондорӣ бароянд. Агар зан соҳиби касбу корест ва дар буҷаи оила баробари шавҳар ҳиссаи худро мегузорад, хуб аст, аммо чун кадбонуи хуб аст, нуран ало нур мешавад.
Писару духтар бояд ҳарду барои ба шоҳроҳи ҳаёти мустақил қадам гузоштан тайёр бошанд, барои ҳамин барвақт хонадор намудани фарзандон наметавонад ба онҳо ин фурсатро диҳад. Тарбияи меҳнатдӯстиро фарзанд дар оила мегирад, аз ин рӯ, моро зарур аст, ки шараф будани меҳнатро ба эшон аз кӯдакӣ дар зеҳни онҳо ҷо кунем. Одами меҳнатдӯст ҳеҷ гоҳ хор намешавад.
Сӯҳбати Дилошуб