Дар Истаравшан корхонаи телевизорсозӣ бунёд ёфт
150

Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд корхонаи нави истеҳсоли телевизор сохта ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафарашон ба вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан корхонаи бастубанди маҳсулоти маишию техникии “Файз Нур-ТВ”-ро ифтитоҳ намуданд. Корхонаи мазкур аз ҷониби бародарон Файзиевҳо дар масоҳати 2 гектар замин ба маблағи 6 млн сомонӣ бунёд гардида, дорои 4 коргоҳи истеҳсолӣ, анбор, ошхона ва бинои маъмурӣ мебошад. Дар корхона телевизорҳои замонавӣ ва техникаи маишӣ, аз ҷумла плитаи газиву барқӣ истеҳсол менамоянд.

Бояд гуфт, ки бо бунёди корхонаи “Файз Нур-ТВ” 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ бо маоши то 3 ҳазор сомонӣ таъмин гаштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД