goodwell
Дар Ҳисор бозии дӯстонаро футболбозони амрикоӣ ҳакамӣ карданд
20.05.2026
Oila.tj
82

Дар шаҳри Ҳисор бозии дӯстонаи футбол миёни наврасони тоҷик баргузор гардид, ки онро ду футболбози маъруфи амрикоӣ ҳакамӣ карданд.

Тони Санне ва Лорри Фэйр, ситораҳои собиқи футболи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон омада, бо футболбозони навраси тоҷик дидору мулоқот ва бозии дӯстона анҷом доданд. Ин сафар бо даъвати Сафорати Амрико дар Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадафи он рушди варзиш, таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ҷавонони ду кишвар арзёбӣ мешавад. Ҳамчунин, ин ташаббус ба муносибати баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол ва таҷлили 250-солагии истиқлоли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳандозӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки Тони Санне ва Лорри Фэйр солҳои 1990-2000 дар ҳайатҳои мунтахаби футболи Амрико ҳунарнамоӣ кардаанд. Ҳоло онҳо дар ИМА ба омӯзиши футбол миёни наврасон машғул мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД