Sebiston new 2024 october
Дар Ишкошим сохтмони хонаҳои нав барои осебдидагони сел сар шуд
296


Сохтмони манзилҳои нав барои осебдидагони сел дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз ёфтааст.

Барои сокинони деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим, ки бар асари омадани сел хонаҳояшон пурра вайрон шуда буд, дар деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти Ишкошим қитъаи замин ҷудо карда шуда буд. Тавре ки Алишер Мирзонабот, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ барои зарардидагони сел дар деҳаи Дашти Ишкошим аллакай оғоз ёфтааст. Айни замон таҳкурсии 8 хона гузошта шуда, рӯзҳои наздик таҳкурсии боз панҷ хонаи дигар гузошта мешавад.

Барои сари вақт ва бо сифати хуб ба истифода додани хонаҳо нахустин корвони кумакҳои Пешвои миллат иборат аз масолеҳи сохтмонӣ ба маҳали сохтмон расид. Бар асари омадани сел дар деҳаи Зугванди 13 хона пурра вайрон гашта буд ва бо хоҳиши зарардидагон, онҳо ба деҳаи Дашт, ки ҳамагӣ 3 километр аз маркази ноҳия дур аст, кӯчонида мешаванд.

13 оилае, ки сел хонаҳояшонро пурра хароб кардааст, ба истироҳатгоҳи «Шабдез»-и ноҳияи Роштқалъа кӯчонида шуда, барояшон шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Мутобиқи нақша, хонаҳои нави истиқоматӣ барои осебдидагони сел қабл аз фарорасии фасли сармо ба истифода дода шуда, бо тамоми таҷҳизот ва асбобу анҷоми зарурии рӯзгор таъмин мегарданд.

Тавре ки “Ховар” хабар додааст, дар баробари сохтмони хонаҳои нав барои оилаҳои манзилашон пурра вайроншуда ба сокинони деҳаи Зугванд, ки хонаҳояшон қисман зарар дидаанд, маводи мавриди ниёзи аввал ва барои таъмири хонаҳояшон масолеҳи сохтмонӣ тақсим карда шудааст.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД