Ман Мастура, 13 сол аст, ки бе падару модар умр ба сар мебарам. Волидонам маро барвақт оқ карда буданд. Сабаби оқипадар шуданам дар бадномзада гаштанам буд. Бегона не, писари амаки худам ба номусам таҷовуз намуда маро шармандаю шармсор намуд.
Падарам ба таънаву писханди мардум тоб наоварда, маро оқ кард. Бародарону хоҳаронам «касофати тарпоча» гӯён, рӯяшонро тофтанд. Гирёну нолон ба кӯча баромадам. Бачаҳои қишлоқ маро сангсор намуда аз деҳа пеш карданд. Бо сару рӯи хунолуд ба назди таксистҳои маҳалла рафтам ва аз акаи Ҷаббор, ки ҳамсоли падарам буд, хоҳиш кардам, ки маро ба шаҳр барад. «Майлаш, бишин» гуфта дари мошинашро кушод. Гумон кардам, ки дилаш ба ҳоли зор ман сӯхт, вале…
Раҳораҳ кали Ҷаббор аз ман пурсид, ки дар шаҳр ягон ҷойи рафтан дорам ё не. Гириста гуфтам, ки касеро намешиносам. Ӯ маро дилбардорӣ намуда ба шаҳр расонд ва ба хонае бурд, ки касе дар он ҷо зиндагӣ намекард. Баробари аз дар даромадан Ҷаббори шикамкалон ба ман дарафтод. Ҳарчанд зориву тавалло намудам, ки ба ман даст нарасонад «ту аллакай бадном шудаӣ, акнун чӣ фарқ дорад, ки бо кӣ ҳамхоба мешавӣ» гӯён, тани аз зарби мушту лагади падару бародаронам сиёҳу кабудгаштаи маро зӯран ба оғӯш гирифта бӯсаборон кард. Ҳамон шаб то саҳар мани оқипадар зор-зор гиря мекардаму ҳамқишлоқиии бераҳмам аз бекасиам истифода бурда дилаш ҳарчи мехост, мекард.
Субҳ вай маро ба ҳамом дароварда фармуд, ки зудтар сару танамро бишӯям, то ки пеш аз омадани соҳибхона ин манзилро тарк намоем. Аз тарси ҷон осемасар оббозӣ карда ҳамроҳаш ба мошинаш нишастам. Ҷаббори шикамдам маро ба назди истгоҳи ҳайкали Сомонӣ оварда аз мошин фаровард ва дар як дам ғиррикунон аз назар нопадид шуд.
Мани деҳотидухтари дар умрам шаҳрро надида ба куҷо рафтану аз кӣ мадад пурсиданамро надониста то бегоҳ дар кӯча гаранг-гаранг гаштам. Қариб 30 мошин дар наздам истод, вале касе аз ронандагон аз рӯйи раҳму инсоф ва барои худо ба ман кӯмак кардан намехост, ҳамаашон танҳо як ният доштанд-маро ба ягон хонаи хилват бурда истифода баранд. Ҳамин тавр ман ҷипсавор ва «арӯс»-и мардони шикамдор шуда мондам. Мардум ба ман бо нафрат менигаранд, фоҳишаю тарпоча гӯён, рӯяшонро аз ман мегардонанд. Касе андеша намекунад, ки ин ҷавонзанро чӣ ба роҳи бад бурдааст.
Дар сарнавишти талхам ман се нафарро гунаҳкор медонам-писари амакам, падарам ва кали Ҷаббор! Агар писари амакам зӯран ба номуси ман дастдарозӣ намекард, агар падарам ба хотири гапи мардум шуда маро аз хона намеронд, агар кали Ҷаббор барои қонеъ кардани нафси ҳайвонии худаш маро ба ин шаҳри калон оварда танҳову зор партофта намерафт, шояд ҳеҷ гоҳ фоҳиша намешудам. Дар қиёмат гиребони ҳамин се касро мегирам. Ҳаётамро сӯхтед, илоҳо худо ҳаётатонро сӯзонад!
Ш, собиқ сокини ш. Турсунзода