arzon replenishment
Дар Форуми «Ҷомеаи солим» дар Маскав намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд
469

 

Дар шаҳри Маскав зери унвони «Ҷомеаи солим» Форум баргузор шуд, ки яке аз мавзӯъҳои меҳварии ин нишаст ҳифзи саломатии аҳолӣ, навсозии соҳаи тандурустӣ, рушди технологияҳои инноватсионӣ, рақамикунонии соҳа, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, навоварӣ дар табобат ва пешгирии бемориҳо буд, ки баррасӣ гардиданд.

Дар форум зиёда аз 1000 нафар аз 17 давлати ҷаҳон иштирок намуда, Ғафур Муҳсинзода муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кард.

“Ҳоло ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ, татбиқи қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ оид ба муқовимат ба бемориҳои сироятӣ, назорати эпидемиологӣ, тайёр кардани кадрҳои тиббӣ, инчунин расонидани ёрии махсуси тиббӣ ва дорусозӣ бо суръати баланд рушд дорад”, - гуфт муовини вазир.

Таъкид гардид, ки амалӣ намудани робитаҳои мустақим байни вазоратҳои тандурустии ҳарду мамлакат ба рушди самараноки равобити дуҷониба дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД