Арҷун Пунҷ ва Ароҳӣ Шармаро ҳамагон аз сериали машҳури «Муҳаббат» хуб мешиносанд. Ин филм натанҳо дар Ҳиндустон, балки дар чандин кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо ҳам тамошобинони зиёд дорад. Ҳар ҳафта хурду калон бесаброна ба фурӯш баромадани қисматҳои нави “Муҳаббат”-ро интизор мешаванд, то ки аз сарнавишти қаҳрамонҳояш огоҳ шаванд.
Бо дархости хонандагонамон мо дар бораи яке аз қаҳрамони асосии ин филм Каран Кундра маълумот медиҳем.
Писари бизнесмен
Каран Кундра 11-октиябри соли 1984 дар вилояти Ҷаландҳари шаҳри Панҷоби Ҳиндустон ба дунё омадааст. Вай дар хонадон фарзанди кенҷагӣ буда, се хоҳар дорад. Падараш тоҷиру модараш хонашин аст. Аҳли ин оила ҳамагӣ соҳибмаълумот ҳастанд. Апаҳояш дар Амрико, Канада ва Ҳиндустон духтур шуда кор мекунанд. Каран баъди хатми мактаби миёна ба Коллеҷи ба номи Аҷмар дохил шуда, онро бо сари баланд хатм намудааст. Ин ҷавони ташнаи илму ҳунар минбаъд таҳсилашро дар Донишгоҳи МБА-и Амрико давом дода, соҳиби дипломи байналмилалӣ гаштааст. Дар баробари актёрӣ ба бизнес низ машғул аст ва кол-сентри шахсӣ дорад. Ба наздикӣ дар шаҳри Мумбай хонаи сеҳуҷрадор харида, арӯси фариштарӯйи ба худаш муносиб меҷӯяд, то издивоҷ намуда, чароғи манзилашро фурӯзон созад.
Парвози ҳунарӣ
Каран Kундра яке аз актёрони машҳури синамои Ҳиндустон ба шумор меравад. Вай пештар ҳам дар филмҳо нақш мебозид, вале шуҳрату маҳбубияти ҳақиқиро ба Каран маҳз серриали “Муҳаббат” овард. Соли 2010 филми мазкур дар фестивали байналмилалӣ, ки Амрико филми “Муҳаббат” ҷойи аввалро соҳиб шуда, ба Каран Кундра сазовори унвони олӣ-“Беҳтарин актёри Боливвуд” гашт.
Пас аз ин фестивал Каранро ба реалити шоу ба рақс таклиф намуданд. Ҳунарпеша дар он ҷо рақибонашро аз 18 давлати ҷаҳон мағлуб намуда, шуҳраташро парвози дубора бахшид. Каран Кундраро ҳамчун раққоси беҳтарини Болливуд эътироф намуданд.
Чаро Арҷун бонувонро бад медид?
Дар силсилафилми “Муҳаббат” Каран Кундра нақши писари сарватманд Арҷун Пунҷро мебозад, ки ба духтарон нафрат дорад. Бадбинии ин ҷавон то ҳаддест, ки дар коргоҳаш ягон намояндаи ҷинси латифро ба кор намегирад ва ҳатто дар озмуни “Садои тиллоӣ” номи ҳамаи духтарони довталабро аз рӯйхат хат мезанад. Нафрати Арҷун нисбати ҷинси зан беҳуда нест, замони кӯдакиаш модараш онҳоро партофта рафтааст ва ин захми дили ҷавон ҳеҷ шифо намеёбад. Арҷун дар симои тамоми духтарон модари бевафою бе меҳри худро дида, як навъ қасос мегирад.
Ишқи “гунг”-и духтари ҷасур
Вақте падари Ароҳиро падари Арҷун аз донишгоҳ меронад, духтарак сари нангу номус омада ба хонаи Пунҷҳо меравад ва чунон ҷанҷол мебардорад, ки ҳуш аз сари аҳли хонадон мепарад. Ҷасурии Ароҳӣ падари Арҷунро қоил мекунад ва ин духтараку бебокро дар корхонаи шахсиаш, ки онро писараш Арҷун сарварӣ мекунад, ба кор мемонад. Арҷун ҳукми падарашро рад карда наметавонад, вале аз рӯзи аввал Арроҳиро чашми дидан накарда, ҳамеша дар сари роҳаш чоҳ меканад. Духтари ҷасур дилшикаста нашуда, сидқан меҳнат мекунад ва дар як муддати кӯтоҳ бо кордониаш Арҷуни мағрурро қоил менамояд. Ҳамкорон муносибати сардорашонро бо ин бонуи зебою кордон дида, овоза паҳн мекунанд, ки Арҷун Ароҳиро дӯст медорад. Миш-мишҳо беҳуда нестанд, Арҷун воқеан Ароҳиро дӯст медорад, вале аз сари ғурур ин сирро ба касе, ҳатто ба худи духтар ошкор кардан намехоҳад. Муҳаббат дар дилҳои ҳарду аланга занад ҳам, наметавонанд ба ҳамдигар рози дилашонро бигӯянд. Арҷун ишқи амакдухтарашро рад карда, умед дорад, ки рӯзе Ароҳӣ дилашро мекушояд, вале Ароҳи изҳори муҳаббат кардани Арҷунро интизор аст ва аввалин шуда дар боби ишқ лаб намекушояд. Ғурури ду дилдода боиси он мегардад, ки ба муроди ҳам нарасида аз ҳам ҷудо шаванд. Арҷун равонаи зиндон мегардад, Ароҳӣ бошад ба касалии руҳӣ гирифтор мешавад.
“Гумроҳ”
Силсилафилми “Муҳаббат” бо тиражи калон ба савдо рафта, ба офарандагони филм даромади калон овард. Кинорежиссёрҳои машҳуру таҷрибадори Ҳиндустон, ки мисли гурбаҳои зотӣ дарҳол бӯйи гӯшти лаҳмро ҳис мекунанд, филфавр ба ҷустуҷӯйи Каран афтиданд, то аз ҳисоби ҳунари ин ҷавони воқеан ҳам бомаҳорат ҳамёнҳои чандқабатаашонро пуртар созанд. Пешниҳодҳо барои бастани шартнома дар филмҳои нав мисли борон аз сари ҳунарманди ҷавон мерехтанд, вале Каран Кундра аз байни садҳо сенарияи пешниҳодшуда филми даҳшатовари “Гумроҳ”ро пазируфта бо коргардон Викрам Бҳат шартнома баст. Ҳарчанд ҳодисаҳои ин филм тахаюлӣ-фантастика бошанд ҳам, Каран тавонист дар навор қаҳрамони зинда офарад. Тамошобинон аз сарнавишти талхи қаҳрамони филм ба риққат омада, ашк мерехтанду коргардонҳо ба маҳорати баланди актёрии Каран Кундра офарин мехонданд. Мухлисони Каран рӯзҳои наздик метавонанд боз як филми ҷолиби актёри дӯстдоштаашонро бо номи «Dilphire» тамошо карда, лаззат баранд.
Аз “Муҳаббат” то муҳаббат
Каран баъди филми «Муҳаббат» ба ҳампешааш Критика, ки нақши Арроҳиро мебозид, дил баст. Онҳо аз дигарон пинҳонӣ мулоқотҳои ошиқона мегузаронданд ва журналистон гӯш ба қимор буданд, ки кай хабари тӯйи арӯсии ду актёри машҳурро мешунаванд, вале...
Каран аз Критика рӯй гардонида бо зебонасами дигар-Мадҳури Наиком аҳди ишқу ошиқӣ баст. Сабаби ин ҷудоиро касе намедонад. Каран ва Критика гуфта буданд, ки минбаъд дӯст мемонанд, аммо пас аз ин касе онҳоро якҷоя надид.
Нозанини тақдирсӯз
Ҳолдонҳо мегӯянд, ки Каран воқеан Критикаро дӯст медошт ва мехост бо ин зебосанам издивоҷ намояд, вале ҳаваси лаҳзаина тӯфони азимеро ба вуҷуд овард, ки ин ду дилдодаро ба ҳамдигар бегона кард. Каран ҳангоми мастӣ бо модели машҳур Свата Ватса ишқварзӣ мекунаду рӯзи дигар журналистони зирак аксҳои ҳардуро дар тамоми сайту рӯзномаҳо ҷо мекунанд. Критика хиёнати дӯстдоштаашро фаҳмида, аз рашк девона мешавад ва чунон ҷанҷол мебардорад, ки ногуфтанӣ. Каран хеле кӯшиш кардааст, ки дили духтарро дубора ба даст оварад, вале далелҳои ба чашм аён имкон надоданд, ки актёр худро сафед кунад. Ҳамин ҳаваси лаҳзаина ба сари ишқу орзуҳои ду ҷавони шуҳратманд, ки ҳамдигарро воқеан дӯст медоштанд, об рехт.
Духтарбози ашаддӣ
Зебосанами олами мӯд Свата Ватса Каранро аз Критика ҷудо карда, зомини бахти ду ҷавони дилдода гашта бошад ҳам, натавонист дили Каранро ба даст оварда, дар либоси арӯсӣ ҳамроҳаш ба хонаи ақди никоҳ равад. Ҷудоӣ аз Критика Каранро чунон дилхун намуд, ки намедонист аламашро аз кӣ бигирад. Ҷавон аввал ба шароб дил баст, баъд дилашро бо иваз кардани маъшуқаҳояш тасаллӣ медодагӣ шуд. Акнун Каран духтарҳоро мисли дастпӯшак тез-тез иваз менамуд ва мардум ҳар рӯз актёри машҳурро бо ягон хонуми нав медиданд. Духтарбози ашадӣ ва бачаи бевафо буданашро донанд ҳам, хонумҳо мисли замбӯрҳое, ки ба гули хушбӯй мечаспанд, аз пасаш канда набуданд. Ба духтарон бештар лабҳои Каран писанд афтода, барои чашидани шаҳди бӯса аз ин лабон ба ҳама гуна қурбонӣ тайёр буданд. Ҳар гоҳ дар экран симои Каран намудор шавад, дили духтарони ошиқ ба тапиш медаромад. Актёр ҳар бори аз наворгирӣ ба хона баргаштан дар пушти дараш даста-даста мактубҳои ошиқона меёбад, вале то ҳол духтареро пайдо накардааст, ки бо як дидан дили варо рабояд.
Ошиқи аспи оҳанӣ
Каран те-тез иваз кардани мошинашро дӯст медорад. Мошини қиматтарини олам “Форд Индевор”-ро бо нархи гарон харидорӣ карда бошад ҳам, аллакай дилаш майли ВМW -5 кардааст. Мехоҳад соҳиби чунин мошин шавад. Каран мухлиси филмҳои тасвирист. Қаҳрамони писандидааш Ҷери аз мултфилми “Том ва Ҷери” будааст. Ин ҷавони ҳунарманд зиндагии зебо ва сайру саёҳатро дӯст медорад. Имрӯз дар Мумбай бошад, пагоҳ ӯро дар Амрико дидан мумкин аст. Каран Кундра ҳеҷ гоҳ ба дӯстӣ хиёнат намекунад. Аз замони дар коллеҷ хонданаш панҷ дӯст дошт ва то ҳол аз онҳо риштаи муносибаташро накандааст. Бо Каран дӯстӣ кардан осон аст, чунки ҷавони шуҳратманд бошад ҳам, хоксор аст ва ҳеҷ гоҳ такаббуру каттагӣ намекунад. Фалсафаи зиндагиро ин марди ҳунар дар хуш ба сар будани умр мебинад.