Дар Фарғона 62 кӯдак дар боғчаҳои бачагона аз хӯрок заҳролуд шуда, айни замон дар бемористон бистарӣ буда, зери назорати табибон қарор доранд.
Кӯдакони аз ғизо заҳролудшуда тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагонаи рақами 2, 22, 58 ва 61 мебошанд.
Тавре расонаҳо дар такя ба маълумоти Раёсати тандурустии вилоят навиштаанд, қабули оммавии кӯдакон ба беморхонаи бемориҳои сироятӣ соати 19:00-и рӯзи 21-уми феврал оғоз ёфта, табибон нишонаҳои сирояти шадид (заҳролудшавӣ аз ғизо), аз ҷумла дарунравиро ошкор намудаанд.
Сабаби асосии заҳролудшавии кӯдаконро дар сифати пасти ғизо медонанд. Ин чаҳор боғчаи бачагонаро як муассиса бо маводи ғизоӣ таъмин мекардааст. Рӯзи ҳодиса ба кӯдакон борш, шавла бо гречка, кекс ва котлетҳои бӯғпазу картошка додаанд.
Хадамоти санитарию эпидемиологӣ санҷиши васеъро оғоз кардааст. Санҷиш ҳам дар боғчаҳо ва ҳам дар муассисае, ки онҳоро бо маводи ғизоӣ таъмин менамуд, гузаронида мешавад.