goodwell
Дар Фархор як кӯдаки 11-сола дар дарёи Сурхоб ғарқ шудааст
134

Як кӯдаки 11-сола дирӯз, 29-уми июл дар деҳаи Кӯҳдомани ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Сурхоб ғарқ шудааст.

Абубакр Назруллозода сокини деҳаи Баҳористони ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ буда, ба ноҳияи Фархор ба хонаи бибиаш меҳмонӣ омада будааст. Тавре сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён зимни суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, наҷотдиҳандагон ҷасади кӯдакро дирӯз то соати 20:00 ҷустуҷӯ кардаанд, аммо наёфтаанд. Имрӯз ҳам кофтукови ноболиғи ғарқшуда идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинони кишварро ҳушдор додааст, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намуда, кӯдаконро бе назорат нагузоранд ва ба танҳоӣ ба соҳили дарё ва обанборҳо роҳ надиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД