Интиқоли оби нӯшокӣ дар бархе аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз соати 23:00-и рӯзи 25-уми октябр то соати 24:00-и рӯзи 26-уми октябри соли 2022 қатъ мегардад.
Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе аз 5-уми октябри соли 2022, №522 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокӣ» дар истгоҳи обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» тасдиқ шудааст.
Интиқоли оби нӯшокӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳракҳои 42, 43, 46, 62, 64 ва 65, маҳаллаҳои Сомон ва Равшангарон, кӯчаҳои Ҷомӣ, Борбад, Фирдавсӣ ва Неъмат. Қарабоев (аз 34 то 86/3) ва дар ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхотун, Чортеппа, шаҳракҳои 32, 33, 52, 53 ва 54, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф, А. Қаҳҳорӣ, П. Сулаймоӣ, Тургенев, Р. Набиев, Ханжин, Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ ва шаҳраки Севостопол аз соати 23-00 рӯзи 25 октябр то соати 24-00 рӯзи 26 октябри соли 2022 қатъ мегардад.
Шаҳрдорӣ аз шаҳрвандони хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд. Ёдовар мешавем, ки аз соати 23:00-и рӯзи 19-уми октябр то соати 24:00-и рӯзи 20-уми октябр низ дар баъзе аз ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои пойтахт як шабонарӯз об қатъ гардида буд.