Дар Душанбе гумонбари дуздии телефонҳои мобилӣ дастгир шуд
Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ сокини 33-солаи шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карданд.
Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, гумонбар Ниёзов Бежан, ки қаблан бо ҷурми авбошӣ суд шудааст, аз ҷайби шаҳрвандон телефонҳои мобилии онҳоро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезадааст.
Гуфта мешавад, ки то ҳол се ҳолати дуздии телефонҳои мобилӣ, ки ба гумонбар нисбат дода мешаванд, ошкор гардидааст.
Милитсияи пойтахт аз шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои эҳтимолии Ниёзов Б. зарар дидаанд, даъват кардааст, ки тавассути «Ватсап» ва «Телеграм» бо рақами (+992) 018020202 муроҷиат намоянд.