Аз 21 то 24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ва баъзе минтақаҳои мамлакат баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақи Рм-10 ва Рм-2,5 дар назар аст.
Ба шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ, марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд бо сабаби омилҳои метеорологӣ хокбориш аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ ворид мегардад.
Зарраҳои муаллақи андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5) ва 10 мкр (Рм-10) метавонанд ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонанд. Ин гуна зарраҳо ба саломатии кӯдакон, пиронсолон ва одамони гирифтори бемориҳои музмин таъсири манфӣ мерасонанд.
Бино ба тавсияи мутахассисон, дар ин ҳолат кӯдакон ва наврасон, пиронсолон, занони ҳомила, одамони гирифтори бемориҳои системаи нафаскашӣ, дилу раг, шахсони масунияташон паст то ҳадди имкон бе зарурат бояд аз хона набароянд.