Дар Душанбе тамоми дронҳоро ба қайд мегиранд
159

Дар шаҳри Душанбе тамоми дастгоҳҳои бесарнишин (дронҳо) бо камераҳои видеоӣ расман ба қайд гирифта мешаванд.

Соҳибони чунин дастгоҳҳо бояд то санаи 5-уми октябри соли 2025 ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, дастгоҳҳои худро сабти ном кунанд.

Тибқи иттилои Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, дар сурати риоя накардан ба ин талабот, алайҳи соҳибони дронҳо чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба рақами (+992) 018-02-02-02 занг занед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД