15-16-уми октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Фалак ва Истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ» Симпозиуми байналмилалии Фалак баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки 15-уми октябр, соати 10:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии Фалак доир мегардад. Дар он муҳаққиқон, санъатшиносон, устодони мусиқӣ, ҳунармандон ва фарҳангшиносони дохил ва хориҷи мамлакат доир ба нақши Фалак дар фарҳанги ҷаҳонӣ ва дурнамои рушди мактаби суннатии он мубодилаи афкор менамоянд. Дар назар аст, ки дар симпозиум аз ҷониби иштирокдорон зиёда аз 30 маърӯза пешниҳод гардад.
16-уми октябр, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Фестивали байналмилалии Фалак доир мешавад. Дар он фалаксароён аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Файзобод, Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунармандон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки 15-уми декабри соли 2021 ин мусиқии тоҷик расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.