goodwell
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва Файзобод баргузор мегардад
18.08.2026
Oila.tj
58

Рӯзҳои 22-23-юми август бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод доир мегардад.

Тибқи нақша, рӯзи 22-юми август дар Боғи кӯдакон рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Ишкошиму Мурғоб, дар «Боғи Ирам» рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа баргузор мешавад.

23-юми август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Файзобод ва дар «Боғи Ирам» Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД