Санаи 1-уми июни соли ҷорӣ дар кӯчаи Сомони ноҳияи Сино ҳодисаи марговари нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Абдураҳимов Муҳамадалӣ, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «КИА», рақами қайди давлатиаш 1080YV01, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Сомон ба самти кӯчаи Борбад талаботи бехатарии ҳаракатро риоя карда натавониста, пиёдагард Сафаров Сайвалиро, ки роҳро аз макони номуайяншуда убур мекард, бо қисмати пеши воситаи нақлиёт пахш намудааст.
Дар натиҷаи садама пиёдагард Сафаров С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад.