Аз 13 то 15-уми ноябри соли равон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2025» доир мегардад.
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ширкатҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ аз Тоҷикистон, Эрон, Русия, Покистон, Беларус, Ҳиндустон ва Чин маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.
Дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии беҳтарин ширкатҳои ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи мамлакат маъруф мебошанд, муаррифӣ мегарданд.
Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо созанд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.