Имрӯз, 24-уми сентябр дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии DITE-2026 ба кор оғоз кард. Дар он намояндагони соҳаи сайёҳӣ аз беш аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.
Намоишгоҳ аз 23 то 26 -уми сентябр идома ёфта, ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон равона шудааст.
Дар рӯзи аввали чорабинӣ масъалаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ, густариши шарикии байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва нақши зеҳни сунъӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ мешаванд. Рӯзи дуюм ба вохӯриҳои корӣ, рушди гастрономия ва нақши занон дар соҳаи сайёҳӣ бахшида мешавад. Дар рӯзи сеюм иштирокчиён масъалаҳои маркетинг, сайёҳии саломатӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар ин соҳаро муҳокима хоҳанд кард.
Барномаи DITE-2026 бо баргузории Фестивали сайёҳии Душанбе дар Маркази «Экспои Душанбе» ҷамъбаст мешавад. Дар доираи фестивал барномаи фарҳангӣ ва мусиқӣ, муаррифии таомҳои миллӣ ва намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ пешбинӣ шудааст.