Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ, роҳбаладӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон, дар сохтори мақомоти милитсияи пойтахт Шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ ташкил карда шуд.
Акнун сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳангоми ба дилхоҳ мушкилӣ дучор гардидан метавонанд тавассути рақами 02-00 бевосита ба милитсияи сайёҳии пойтахт дар тамос шаванд.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ҳадаф аз ташкили милитсияи сайёҳӣ таъмини ҳуқуқу манфиатҳои сайёҳон мебошад.