arzon replenishment
Дар Душанбе Маркази кӯдакони болаёқат бунёд мегардад
1482

Дар шаҳри Душанбе Маркази кӯдакони болаёқат бунёд мегардад. Маркази мазкур барои 500 ҷойи нишаст пешбинӣ гашта, имкони ба истиқомат фаро гирифтани то 300 нафар хонандагон дар ин марказ пешбинӣ шудааст.

Масъалаи сохтмони Маркази кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҳафтаи байналмилалии сохтмон зимни мулоқоти раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода бо вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Русия Ирек Файзулин мавриди муҳокима қарор гирифт. Тибқи иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Маркази кӯдакони болаёқат дар Душанбе барои 500 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, дар он тӯли сол то 300 нафар хонандагони болаёқат имконияти истиқомат карданро хоҳанд дошт.

Бояд гуфт, ки як қатор лоиҳаҳо, ба монанди сохтмони Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯшиши якҷояи маҷмааҳои сохтмонии давлатҳо амалӣ карда мешаванд.

Ирек Файзулин, вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Русия аз сохтмончиёни тоҷик даъват намудааст, ки дар қисми рақобатии чемпионати байналмилалии сохтмон, ки соли оянда баргузор мегардад, ширкат намоянд.

“Ба бинокорон бояд имконият дода шавад, ки малака ва маҳорати худро дар амал нишон диҳанд»,- гуфтааст Файзулин.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД