goodwell
Дар Душанбе марди 27-сола ба латукӯби ҳамсари падараш гумонбар шудааст
01.09.2026
Oila.tj
292

Дар шаҳри Душанбе нисбати марди 27-сола бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Гулов Умед, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми август дар манзили истиқоматиашон, воқеъ дар маҳаллаи Сарикиштӣ бо ҳамсари падараш муноқиша кардааст. Гуфта мешавад, ки зимни муноқиша ӯ занро мавриди латукӯби шадид қарор додааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса дар ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ нисбати Гулов У. тибқи талаботи моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД