20-уми июн бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ваҳдат - мароми модарон» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, ки ташаббускори тасмими мазкур аст, дар конфронс намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, аҳли илму фарҳанг, донишмандон ва коршиносон иштирок карда, дар мавзуи нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, саҳми назарраси онҳо дар рушди мамлакат маърӯза менамоянд.