Санаи 28-уми май дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии кишварҳои иштирокчии ИДМ баргузор хоҳад гашт.
Дар радифи ин чорабинӣ ҳамчунин маросими ифтитоҳи “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати умури дохилии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Бояд гуфт, ки маросими расмии ифтитоҳи “Хадамоти шиноснома ва раводиди” ВКД-и Россия дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суроғаи кӯчаи Айнӣ 121 баргузор хоҳад гашт.
Меҳмонон ва иштирокчиёни ин чорабиниҳо ҳамчунин аз Маркази рушди малакаҳо дар Данғара дидан менамоянд. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар додааст.