toyota motors
Дар Душанбе “Ҷин” ва чанд ноболиғи дигар дастгир шуданд
13.05.2026
Oila.tj
127

Кормандони Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-профилактикӣ аз содиршавии ҷинояти авбошӣ бо истифода аз корд пешгирӣ намудаанд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, муайян карда шудааст, ки санаи 10-уми майи соли ҷорӣ як гурӯҳ наврасон дар ҳудуди “Оромгоҳ”-и маҳаллаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансур ҷамъ омада, қасди содир намудани ҷинояти авбошӣ ва латукӯби ҳамдигарро доштаанд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ аз ҷониби кормандони милитсия, аз ҳар ду ҷониб дар маҷмуъ 9 нафар ноболиғ дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шудаанд.

Зимни кофтуков аз қисмати камари ноболиғ Раҷабов Ф., ки миёни наврасон бо тахаллуси “Ҷин” маъруф будааст, як адад корди хоҷагидорӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, нисбат ба иштирокчиёни ҳодиса санҷиши иловагӣ идома дорад.

Аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон даъват карда шудааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД