Sebiston new 2024 october
Дар Душанбе Фестивали либосҳои миллӣ баргузор мегардад
323

Рӯзи 29-уми август дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе Фестивали либосҳои миллӣ баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар додааст.

Фестивали либосҳои миллӣ таҳти унвони «Ганҷинаи мерос» баргузор хоҳад гашт. Дар он беҳтарин тарроҳони кишвар иштирок намуда, намунаҳои беҳтарини либосҳои миллии тоҷикиро ба маърази тамошо мегузоранд.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ тарғиби анъанаҳои хоси фарҳанги либоспӯшии миллати тоҷик, баланд бардоштани арзиши эстетикии либоси миллӣ, ҳавасмандгардонии ҳунармандону тарроҳон ва эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, маданияту маърифати миллат дар он таҷассум меёбад. Мутаассифона солҳои охир иддае аз бонувони тоҷик либоси милии худро гӯё фаромӯш карда, рӯ ба либосҳои бегона овардаанд. Тавре ки Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: «Пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангӣ аст, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллатро халалдор месозад».

Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузошта, аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД