Formula novemver 2024
Дар Душанбе фестивали фалаксароён баргузор мегардад
723

 

Бахшида ба Рӯзи Фалак пагоҳ 10-уми октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Садои дил» Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён баргузор мегардад.

Дар фестивал ҳунармандон ва гурӯҳҳои фалаксароёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ансамбли фалаксароёни Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат иштирок менамоянд. Ба иттилоъи вазорати фарҳанги кишвар ҳадафи фестивал дарёфти истеъдодҳои нав ва намунаҳои беҳтарини оҳангу сурудҳо дар санъати фалаксароӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиши нозукиҳои фалак, баланд бардоштани маҳорати касбии фалаксароёни кишвар, тақвияту ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳҳои фалаксаро ва тарғиби жанри фалак дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ҳамасола 10-октябр ҳамчун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД