Дар Душанбе дуюмин синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” баргузор мешавад
09.06.2025
Oila.tj
160

Аз 15 то 20-уми октябри соли равон дар Душанбе Дуюмин синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе - “Тоҷи Сомон” баргузор мегардад.

Дуюмин синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе - "Тоҷи Сомон" таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор гашта, он бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Мақсади асосии Синамоҷашнвора таҳкими мавқеи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, табодули таҷриба миёни синамогарони ватанӣ ва хориҷӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи синамо ва тақвияти ҷойгоҳи фарҳангии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар назар аст, ки ба ин ҷашнвора беш аз 100 меҳмон аз кишварҳои ИДМ, Осиё ва Аврупо даъват карда шаванд.

Дар доираи Синамоҷашнвораи мазкур баргузории рӯзҳои кинои кишварҳои Россия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон пешбинӣ шудааст.

Якумин синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе - “Тоҷи Сомон” соли 2023 баргузор шуда буд. Дар он намояндагон аз кишварҳои Россия, Ӯзбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо иштирок доштанд.

Дар доираи он ҷашнвора, барномаҳои гуногун, аз ҷумла нишастҳои матбуотӣ, рӯзҳои кинои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии коргардон, ҳунарпеша ва асосгузори синамои тоҷик Комил Ёрматов таҳти унвони “Эҳёи синамо” бо иштироки синамогарон, киношиносон ва мутахассисони соҳа баргузор гардиданд. Ҳамчунин намоиши аксҳо таҳти унвони “Шаҳри ман - хонаи ман” бахшида ба шаҳри Душанбе доир шуд.

Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ ба филми “Роҳ”-и коргардони тоҷик Носир Саид супорида шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД