Arzon march 2024
Дар Душанбе дастовардҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд
199

Рӯзи 13 феврал дар Душанбе  дастовардҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон баррасӣ  шуданд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода баён намуд, ки мутахассисони соҳаи тиб, донорҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеа лоиҳа оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистонро муваффақона ҷамъбаст намуд.

«Давоми чор сол ин лоиҳа дар самти мубориза бо бемории сил, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва тақвият бахшидан ба донишу малакаи кормандони соҳаи тиб ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Лоиҳа дар мубориза бо бемории сил дар мамлакат  саҳм гузошта, беш аз 83 000 нафар, аз ҷумла гурӯҳҳои осебпазир ва хатари баланддошта аз муоинаи ташхис гузаронида шуданд. Дар ин марҳила ҳолатҳои нав ошкор ва беморони гирифтори бемории сил барои табобат равон шуданд. Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, роҳнамоҳо, протоколҳои танзимкунандаи лабораторӣ, сохторҳои зиддисилӣ ва ёрии аввалини тиббию санитарӣ  дастраси беморон гардонида шуд. Лабораторияи миллии референсӣ соҳиби шаҳодатномаи дараҷаи аъло барои гузаронидани санҷиши бемории сил бо усулҳои муосир гардид. Реҷаҳои нави кӯтоҳмуддат барои беҳтар намудани табобати сил ҷорӣ шуданд ва зарфияти  кормандони тиббӣ барои расонидани хизмати босифат баланд бардошта шуд. Дар маҷмуъ, 1645 мутахассиси соҳаи тиб ва 1392 мутахассиси соҳаи ғайритиб донишу малакаашонро оид ба ҷанбаҳои гуногуни мубориза бар зидди бемории сил такмил доданд»,-илова намуд Абдухолиқ Амирзода.

Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли иброз намуд, ки анҷоми муваффақи лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ETICA) дар Тоҷикистон марҳалаи муҳим дар мубориза бо бемории сил мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД