Кормандони Агентии обуҳавошиносии кишвар тағйир ёфтани ҳаво ва боришотро пешгӯӣ намудаанд.
Тибқи маълумоти ин ниҳод, пагоҳ дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борони кутоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 10+12º гарм, рӯзона 18+20º гарм мешавад.
Дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат вашабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр барф меборад.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 16+21º гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф меборад. Ҳарорат +24º гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти Шарқ бо суръати 5-10м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 16+21º гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр бориши барф дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм мешавад.