35 years of independency
Дар Душанбе беш аз 1,8 тонна гӯшт мусодира шуд
14.09.2026
Оила
53

Дар Душанбе беш аз 1,8 тонна гӯшт мусодира шуд

Дар шаҳри Душанбе беш аз 1,8 тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, ки дар шароити ғайрибеҳдоштӣ нигоҳдорӣ мешуданд, ошкор ва мусодира карда шуданд.

Тибқи иттилои мақомоти милитсия, Қурбоналӣ Нуриддинов, сокини 32-солаи маҳаллаи Қуштеппаи ноҳияи Шоҳмансур, ба омода кардани қимма ва маҳсулоти каллаву поча машғул буда, онҳоро дар шароити ғайрисанитарӣ нигоҳ медоштааст.

Зимни санҷиш аз ҷойи фаъолият миқдори зиёди маҳсулоти гӯштӣ дарёфт ва мусодира шудааст. Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ беш аз 1 тоннаю 800 килограмм гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ муайян гардидааст.

Нисбат ба ҳолати мазкур чораҳои қонунӣ андешида шуда, масъулияти шахси дахлдор мавриди баррасӣ қарор дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД