goodwell
Дар Душанбе бензину газ қимат, солярка арзон шуд
24.09.2026
Oila.tj
60

Аз аввали моҳи сентябр нархи сӯзишворӣ дар Душанбе тағйир ёфтааст. Як литр бензини АИ-92 аз 13,50 то 14,50 сомонӣ, гази моеъ аз 5,70 то 6,70 сомонӣ гарон шудааст.

Ҳамзамон, нархи сӯзишвории дизелӣ аз 16,50 то 15,50 сомонӣ барои як литр коҳиш ёфтааст.

Яке аз омилҳои арзон шудани солярка афзоиши воридоти он аз Русия гуфта мешавад. Дар моҳи август ба Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор тонна солярка ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи июл тақрибан 3,5 баробар зиёд аст.

Тоҷикистон ҳамоно барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ, асосан аз Русия вобастагии зиёд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД