Дар шаҳри Душанбе як ноболиғи 15-соларо бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар боздошт намудаанд. Гуфта мешавад, ки боздоштшуда як ҷавони 17-соларо кор задааст.
Бино бар иттилоъи Вазорати корҳои дохилии кишвар ин ҳодисаи нохуш рӯзи 21-уми декабр рӯй дода, байни ду ҷавон муноқиша сар задааст. Дар рафти моҷаро ноболиғи 15-сола дар ҳамоми (вана) манзили истиқоматӣ ба тахтапушти ҷавони 17-сола бо корд задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуд. Тафтишоти ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.