goodwell
Дар Душанбе қариб 70 ҳоҷатхонаи сайёр насб шудааст
14.08.2026
Oila.tj
135

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе қариб 70 ҳоҷатхонаи сайёр (биотикӣ) насб шудааст. Шумори зиёди ин ҳоҷатхонаҳоро дар маконҳое, ки тамринҳои роҳпаймоӣ (маршировка) ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мегузарад, насб кардаанд.

Дар ин бора аз шуъбаи беҳдошти коммуналии Маркази назорати давлатии ҳамагиршиносӣ (эпидемиологӣ)-и шаҳри Душанбе иттилоъ додаанд.

То кунун дар пойтахт 69 ҳоҷатхонаи сайёр насб шудааст ва асосан дар баргузории чорабиниҳои давлатӣ аз онҳо истифода мебаранд.

Ҳоҷатхонаҳо дар маконҳои зерин насб шудаанд:

- дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт (кӯчаи Таҳмос 377) - 20 адад;

- дар майдони “Истиқлол” (хиёбони Рӯдакӣ 111) - 20 адад;

- дар Донишгоҳи тиббӣ (назди шаҳраки тиббӣ) - 5 адад;

- дар варзишгоҳи “Авиатор” (дар ноҳияи И. Сомонӣ) - 6 адад;

- дар қисми низомии минтақаи маҳаллаи “Якум Советский” - 10 адад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД