Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шаш ихтисоси нав пайдо шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 6 ихтисоси нав арзи ҳастӣ намудааст. Дар ин бора имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Таъкид карда шуд, ки ихтисосҳои нав аллакай ба феҳристи Маркази миллии тестӣ дохил карда шудаанд. Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон минбаъд дар зинаи бакалав аз рӯйи ихтисосҳои “Забонҳои муосири хориҷӣ (забони англисӣ ва забони чинӣ), “Педагогикаи рақамӣ”, “Филология ва таълими забонҳо: забони тоҷикӣ ва забони англисӣ”, “Забони ӯзбекӣ ва забони англисӣ”, “Таҳсилоти ибтидоӣ: забони англисӣ” ва “Таҳсилоти томактабӣ: забони англисӣ” муттахассисонро омода месозад.