...Аз ширинзабониаш хурсанд шудам. Баъди лаҳзае шарбатро оварда, аз он ба косаи майдае рехта, ба ман дод. Дар ҳақиқатан маззаи шарбат дигар буд. Ҳарисона шарбати косаро то ба охир нӯшидам. Парвиз ба ман боз шарбат дароз кард. Ин косаро низ каме нӯшида, дар танам гармиеро эҳсос намудам. Вақте Парвиз ба хонаи дигар рафт, худро болои диван партофтаму дигар чизе дар ёдам нест. Намедонам чанд соат хоб кардам. Чашм кушодам, ки сарам гаранг асту рӯз торик шудааст...
Ҳабиба Давлатова “лесбиянка” аст?
...Дар наворе, ки чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд, дида мешавад, ки Ҳабиба Давлатова ва Рафоати Ҷамшед дар маъракае қарор доранд ва дар рӯ ба рӯи дурбини телефон аз лабони ҳамдигар мебӯсанд. Ҳамчунин, овозае низ паҳн шуда, ки гӯиё Ҳабиба Давлатова барои пок кардани навори бӯсобӯсиаш бо Рафоати Ҷамшед 5000 сомонӣ пешниҳод карда бошад, аммо худи овозхон ин овозаи дурӯғро низ рад кардааст...
Талоқи шавҳар ва рӯзи сиёҳи Бибиҳанифа
...Рӯзе, ки ману собиқ шавҳарам аз ҳам ҷудо шудем, як писари ҳоло 30-солаам, ки он замон 24-сола буд, аз фикри зиёд яку якбора ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуд. Аз ин бом ба он бом, аз ин дарахт ба он дарахт мепарид. Чанд сол беморбонӣ кардам. Баъдан раиси ноҳия аз ҳисоби худаш писарамро дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ карда, 26 рӯз табобат намуд. Саломатии писарам рӯ ба беҳбудӣ оварду оиладор кардем, аммо падараш ҳеҷ намегузорад, ки дар хонаи худамон зиндагӣ кунем...
Қишлоқаки ман бӯйи чаппотӣ дорад: Қурбоналӣ Абдуллоев аз
коронавирус даргузашт
...Сароянда соле пеш ба Тоҷикистон меояд, аммо бо сабаби баста будани марзҳо ва афзоиш ёфтани бемории ҳамагири COVID-19 дигар ба Русия рафта наметавонад. Ҳамин тавр, ӯ дар Ватан мемонад. Дар Ватан Қурбоналӣ Абдуллоев амсоли садҳо нафари дигар аз бемории ҳамагири COVID-19 сироят меёбад. Ӯро дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бистарӣ мекунанд. Зиёда аз як моҳ он ҷо бистарӣ буд ва табибон вазъи саломатиашро вазнин арзёбӣ мекарданд...
6 ғизое, ки вирусро нобуд месозад
...Карами дар намак хобонидашуда мисоли дигар ғизои ҳазмшаванда, аз қабили бодиринги очонидашуда, помидор, себ, тарбуз ва ғайра, хӯрданиҳои болазат ва хеле фоидабахш ҳастанд. Ҳар нафаре, ки масунияти худро мустаҳкам кардан мехоҳад, бояд бештар хӯроки дорои бактерияҳои “фоиданок” бударо, ки ба масунияти кори рӯдаҳо таъсири судманд мерасонад, истеъмол намояд...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 1-уму 2-юми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 13-уми январи соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!