Дар Деваштич барқ боиси сӯхтори манзил шудааст
130

Қувваи барқ боиси сар задани сӯхтор дар манзили истиқоматии як сокини ноҳияи Деваштичи Суғд шудааст. Зарар 41 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин бора Ёрибеки Ҷонибек, сардори Идораи сӯхторнишонии ноҳияи Деваштич ба расонахо хабар дода, гуфтааст, ки ҳодиса 26-уми ноябр дар манзили Фаррух Рустамов, сокини 44-солаи деҳаи Эшонқурғон, ҷамоати Ғазантараки ин ноҳия рух додааст.

“Одатан барқ соати 17:00 дода мешуд, вале рӯзи ҳодиса барқ соати 15:00 пайваст шудааст. Сӯхтор бо сабаби нодуруст пайваст кардани ноқилҳои барқӣ аз дарвозахона сар задааст”,- гуфтааст ӯ.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор 125 метри мураббаъро фаро гирифта, зарари он 41 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД