Дар доираи маъракаи солимгардонии «Корвони саломатӣ» ба сокинони деҳоти дурдасти вилояти Суғд ёрии тиббии ройгон расонида шуд. Дар ин хусус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.
Аз ҷониби табибони дилшинос, ҷарроҳони дилу рагҳои хунгард ва аритмолог шаҳрвандон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, ҳамзамон мизоҷон ба таври ройгон аз ташхиси эхокардиография ва сабти барқии дил гузаронида шудаанд.
“Дар ин рӯз ба мутахассиси дилшинос 498 нафар, ба ҷарроҳи дил 19 нафар ва ба ҷарроҳи рагҳои хунгард 18 нафар муроҷиат намуданд”,-омадааст дар хабар.
Ёдрас мешавем, ки ҳадафи асосии иқдоми «Корвони саломатӣ» расонидани хизмати тиббии баландсифат ба сокинони минтақаҳои дурдаст мебошад. Иқдом ба ошкор кардани бемориҳои эҳтимолӣ ва таъйин намудани табобати саривақтӣ равона шудааст.