Commerce bank may-june 2026
Дар деҳаи Челонзори Ёвон маркази саломатии дуошёна сохта мешавад
20.07.2026
Оила
51

 

Дар деҳаи Челонзори Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон сохтмони Маркази саломатии деҳа оғоз ёфтааст.

Тавре ки масъулини ҳукумати ноҳия иброз доштаанд, маркази тиббӣ бо саҳми соҳибкорону сокинони маҳал бунёд гардида, ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ мусоидат мекунад.

Тибқи нақша маркази саломатӣ аз ду ошёна иборат буда, бо санъати баланди меъморӣ сохта мешавад. Дар оянда он ба 3500 нафар аҳолии деҳаҳои Челонзор ва Дарагӣ хизмати тиббӣ мерасонад.

Мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории ноҳияи Ёвон Темур Раҷабзода иброз доштааст, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон зиёда аз 600 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шудааст, ки ба 120 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар аст. Қарор аст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боз зиёда аз 50 иншоот ба истифода дода шавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД