Дар давраи соҳибистиқлолӣ 70 млрд сомонӣ ба соҳаи маориф маблағ ҷудо шудааст
Дар давраи соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ маблағ равона шудааст. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 31 август, зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе баён карданд.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кишвар маҳсуб мешавад. Илова бар маблағҳои буҷетӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба соҳаи маориф 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ин нишондиҳандаҳо далели таваҷҷуҳи махсус ва пайвастаи давлат ба рушди соҳаи маориф мебошанд
Дар ҳамин замина, Президент зикр карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 4135 бинои муассисаҳои таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта ва ба истифода дода шудааст.
Сарвари давлат ҳамчунин зарурати идомаи корҳои созандагӣ дар самти рушди муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосирро таъкид карданд.